§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ
Идоракунӣ ба маҳорат ва санъати давлатдорӣ робитаи зич дорад. Нахуст давлати тоҷикон дар давраи ҳукмронии Сомониён ташкил ёфта буд, ки аз ҳастӣ ва меросдорони худ бо санъати волои идорӣ, ташаккули адабиёт ва илму ирфон, тамаддунофарӣ ва таъриху фарҳанги ҷовидон ба ҷаҳониён нишонаи возеҳ гузошт.
Давлати тоҷикон баъд аз ҳазору сад соли парешониҳо, ноумедиҳо, зулму ситамгориҳо боз дубора тавлид ёфт. То ин замон, халқу миллати тоҷик зери таҳдид, азобу шиканҷа ва тобеияти халқиятҳо ва давлатҳои гуногуни бегона қарор дошт, мувофиқан аз эҷод ва амалисозии мустақилонаи илму ирфон ва санъати идоракунӣ маҳрум буд.
Акнун, баъди саддаҳо чархи гардун ба сӯи миллати тоҷик боз гашт, аз соли 1991 инҷониб Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди абармард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид ва машғули идораи мустақили давлатӣ, эҳёи фарҳанг, санъат ва таъриху тамаддуни миллӣ мебошад.
Тадқиқотҳои олимони тоҷик дар самти идоракунӣ
Мутаассифона, новобаста аз пешрафт ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқӣ назарияҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон қариб ки ба назар намерасанд, ба ҷуз кори баъзе аз олимони тоҷик, ки онҳо низ ин самти илму фанро на дар алоҳидагӣ ё самтнок, балки дар ҳошия ва тақвияти дигар фанҳо ва равияҳои илмӣ омӯхтаанд (Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. 2007). Аз ҷумла:
— Алиев З. М. Асосҳои конститутсионии ташкили ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);
— Бобоев Қ. Назарияи сиёсии Низомулмулк (1999);
— Ғаниев Т. Б. Менеҷмент (2004);
— Достиев А. С. Конституция Республики Таджикистан 1994 г.: история разработки, принятия и основные положения (2001);
— Зокиров Г. Истиқлолияти сиёсӣ (2001);
— Маликова А. Х. Организационно-правовые аспекты функции государства по социальной защите престарелых ин инвалидов в Республике Таджикистан (2005);
— Ойев Х. Ҳокимияти иҷроия: тамоили инкишоф ва вазифаҳо (2002);
— Раззоқов Б. Ҳ. Масоили ҳуқуқии идораи минтақа (1997);
— Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳсолаи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ (2001);
— Расулов Қ. Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ (1999);
— Сафаров И. Д. Эволюция представлений о государстве (2005);
— Ҳакимов А. Ташкили идораи иқтисоди миллӣ (2005).
Боиси зикр аст, ки олимони тоҷик дар ташаккули илми идоракунӣ ва сотсиологияи идоракунӣ чанде кӯшишҳо ба харҷ додаанд.
Яке аз олимон Раззоқов Б. Ҳ. ҷанбаҳои ҳуқуқии идоракуниро бисёр васеъ баррасӣ намуда, тавсияҳои зиёде баҳри рушди ин мавзуъ манзур гардонидааст. Тибқи назари ӯ дар фаъолияти меҳнатӣ на танҳо истеҳсолот, чӣ тавре дар сохти анъанавии идоракунӣ бартарӣ дода мешавад, балки хизматрасонӣ, истеъмолот ва гардиши мол, ҳуқуқ, ахлоқ, маданият ва ғайра таъсири баробар доранд ва ба ташаккулёбии шахси комил мусоидат менамоянд. Яке аз назариёти дигари олим дар он аст, ки саҳми технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ хеле ногузир мебошад, зеро истифодаи он шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мусоидат карда, расмиёти маъмуриро соддаву дастрас мегардонад.
Ба ин назар олими дигар Мавлоназаров С. С. низ моил аст, ӯ иброз медорад, ки давлати муосир низоми мураккаби ташкилиро соҳиб мебошад ва устувории он танҳо дар сурати ташкили низоми босифати идоракунӣ метавонад таъмин карда шавад. Дар ин росто консепсияи «ҳукумати электронӣ» метавонад ҳамчун василаи муҳим дар бунёди ҷомеаи иттилоотии шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намояд.
Шосаидов С. Ҳ. нақши низоъро дар идоракунӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бар он назар аст, ки он — низоъ дар як вақт метавонад функсионалӣ буда, барои иҷрои самараноки нақшаҳо ва стратегияҳои корхона мусоидат намояд ва дар дигар вақт дисфункционалӣ — ба паст гардидани қаноатмандии шахсӣ, коҳиш ёфтани ҳамкориҳо дар гуруҳ ва маҳсулнокии корхона оварда расонад.
Масъалаҳои марбут ба дастгирии иҷтимоии кадрҳо дар идоракунии давлатӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши мутахассисони соҳавӣ ва олимону муҳаққиқон пайваста қарор дорад. Бар ин назар ва такя ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиноси соҳа Саидов А. таъсиси институти хизмати давлатиро ба таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ асоснок месозад. Ӯ бар он назар аст, ки омӯзиши хизмати давлатиро мебояд ҳамчун тамоили яклухти иҷтимоӣ ба роҳ монд. Дар ин ҳолат метавон ба ин институти давлатӣ, яъне омодасозии кадрӣ аз мавқеи идоракунӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғайра назар намуд (Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). 2006). Яъне зарур аст, ки пайваста дониш ва малакаи хизматчиёни давлатӣ такмил дода шавад, зеро унсурҳои идоракунӣ танҳо бо кадрҳои болаёқат ва соҳибмалака метавонад таҳким ёбад.
2.3 Давраҳои идоракунӣ
Идоракунии Тоҷикистонро ба ду давра: то истиқлолияти давлатӣ (ва ё дар даврони Шӯравӣ) ва баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷудо кардан мумкин аст
Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон мақоми давлати мустақилро соҳиб набуд, сохтори идории хоси худро надошта, зери тобеияти собиқ давлати Шӯравӣ дар баробари 14 кишварҳои дигар қарор дошт. Сохти идоракунии давлати Шӯравӣ — Иттифоқи ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) бошад, намуди анъанавии шакли бюрократӣ ва ё авторитарии идоракунӣ буда, кулли қарорҳои хусусияти идоридошта аз ҷониби ҳокимияти марказӣ қабул мегардид. Ҷумҳуриҳои аъзо асосан салоҳияти маҳдуд дошта, чун шохаи иҷроияи ҳокимият фармонҳо ва супоришҳои ҳокимияти марказиро амалӣ мегардониданд.
Барои возеҳ нишон додани масъала баъзе хусусиятҳои сохтори идоракунии давлатии ИҶШС-ро тафсир менамоем. Сохти умумии идорӣ мутлақ ва ё дар шакли муттамарказ бо тарзи амудӣ ба роҳ монда шуда, тамоми муносибатҳо аз Марказ — шаҳри Москваи Федератсияи Россия ибтидо мегирафтанд. ИҶШС асосан аз сохторҳо ва тартибҳои идоракунии зерин иборат буд:
— Идораи маъмурӣ — аз ҷониби Раёсати Шӯрои вазирон пеш бурда мешуд. Дар ҷумҳуриҳои аъзо дар навбати худ, Шӯрои вазирон амал менамуд, аммо дар тобеияти Марказ қарор дошт;
— Идораи сиёсӣ — аз ҷониби котиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ идора карда мешуд. ИҶШС сохти яккаҳизбӣ дошта, тамоми масъалаҳои сиёсӣ дар сатҳи Марказ баррасӣ ва қабул мегардиданд;
— Идораи намояндагӣ — аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олӣ (Парламент) ва комиссияҳо идора карда мешуд. Чунин низом дар ҷумҳуриҳо низ амал менамуд, аммо мустақилияти комил надошт;
— Идораи ҳуқуқӣ-назоратӣ — аз ҷониби Шӯрои суди Олӣ, прокуратураҳо, сессияҳои Суди Олӣ пеш бурда мешуд. Идоракунии ин низом низ ба Марказ вобастагӣ дошт;
— Мудофиа — дар тобеияти бевоситаи ҳокимияти марказӣ қарор дошта, нигоҳубин ва банақшагирии хизмати ҳарбӣ аз Марказ ташкил мегардид;
— Иқтисодиёт — маблағгузории Буҷети давлатӣ аз Марказ таъмин мегардид, ҳокимияти маҳаллӣ (кишварҳои аъзо) ҳамасола ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Инчунин, истеҳсолот бо тарзи нақшабандӣ иҷро гардида, қисми зиёди маҳсулоти гаронбаҳо, ба монанди пахта, тилло, нафт, газ, барқ ва ғайра ба ихтиёрдории Марказ вогузор шуда буд (супурда мешуданд);
— Иҷтимоиёт — шароити дахлдори зиндагӣ — то андозае (дар шароити имрӯза «миёна») фароҳам оварда шуда буд, маош, нафақа, идрорпулӣ, кӯмакпулӣ ва ғайра сари вақт таъмин мегардид, шаҳрвандон ба тандурустӣ ва кӯдакон ба таҳсили бепул фаро гирифта шуда буданд;
— Бехатарӣ — бехатарӣ ҳамаҷониба таъмин буд, аммо тансиҳатии шаҳрвандон дар оянда, ки имрӯз дарк мегардад, аз лиҳози экологӣ дар хатар буд — одамон ҳамчун дастгоҳи истеҳсолӣ истифода бурда мешуданд, иштироки онҳо дар меҳнат, қадру эҳтиром ҳамчун шахсият ва ҳифзи комили тандурустӣ ба эътибор гирифта намешуд. Мисол: дар қисми зиёди шаҳру навоҳии Тоҷикистон пахта корида мешуд. Мақсад на беҳдошти вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва осудагии аҳолӣ, балки истеҳсоли пахта ва ғундоштани ҳосили зиёд буд. Ҳамасола барои ҳоисли зиёди пахта ва эмин нигоҳ доштани он аз ҳашароти зараррасон ҳазорҳо тонна доруҳои кимиёӣ дар заминҳои кишт, мутаносибан дар саҳни (болои) хоҷагиҳо-манзилҳои зисти назди заминҳои кишт ва одамон тавассути ҳавопаймоҳои ҳаҷман хурд пош дода мешуд. Боиси зикр аст, ки доруҳо барои несту нобуд кардани ҳашарот равона шуда буданд, яъне дар ин ҷо солимии ҷомеа аҳамияти дуюмдараҷа дошт.
Новобаста аз ин, солҳои 1950-70-ум сохтори идоракунии ИҶШС дар арсаи ҷаҳон бонуфузтарин пазируфта шуда буд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ба монанди Куба, Ҳиндустон, Чилӣ, Хитой ва ғайра сохти идории ИҶШС-ро қабул намуданд. Дар ин солҳо дар ҷаҳон ду кишвар, яке ИҶШС ва дигаре ИМА ҳукмрони мутлақ шинохта шуда буданд. Аввалӣ аз рӯи намуди идоракунии классикии яккаҳокимиятӣ ва дувумӣ аз рӯи намуди либералӣ фаъолият мекарданд. Оғоз аз солҳои 80-90-ум инҷониб сохти идоракунии ИМА муваффақ мегардад ва мавриди омӯзиши олимони ҷаҳон қарор мегирад. Дар баробари ин, қисми зиёди кишварҳо, аз ҷумла собиқ аъзои ИҶШС пурра ба ин сохти идоракунӣ — идораи демократии давлат ва ҷомеа мегузаранд.
Идоракунии давраи муосир аз соли 1991 бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон оғоз мегардад, ки онро метавон ба шаклҳо ва ё сохторҳои зерин ҷудо намуд:
— Идоракунии конститутсионӣ;
— Қонунгузорӣ ва ё намояндагӣ дар идораи давлатӣ (шохаи ҳокимият);
— Ҳокимияти судӣ;
— Ҳокимияти иҷроия;
— Мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар идоракунӣ;
— Ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳар як шакл ва ё шохаи идоракунӣ дар навбати худ, аз низоми ба худ хос ва сохтори мансуб ба унсурҳои демократии идоракунӣ иборат мебошад.
Умуман баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро ва ё тибқи назариёти муҳаққиқон Ҷ. Локк, Б. Спиноз ва Ж. Руссо идоракунии либералиро пеш мегирад.
Чун давлати мустақил асоси фаъолият ва низоми ҳуқуқии идории Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия муқаррар карда шудааст.
2.4. Рукнҳои конститутсионии идоракунӣ
Пеш аз ҳама мебояд зикр намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Мутаносибан илми идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ барои рушду нумӯи сохтори идории кишвар нақш ва саҳми хеле муҳим метавонад гузорад, зеро ҷанбаҳои илмию назариявӣ ва методологии идоракунии иҷтимоӣ пурра зери ин илм фаро гирифта шудаанд.
Тибқи моддаи 27 Конститутсия оварда шудааст, ки: «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар идораи сиёсӣ ва давлатӣ бевосита ва ё бавосита иштирок намояд». Ин меъёр дар навбати худ, ба назарияи олимони шинохтаи Ғарб Элтон Мэйо (1880—1948) оид ба муносибатҳои инсонӣ дар идоракунӣ — иштироки кормандони қаторӣ дар идоракунӣ ва назарияи Абраҳам Маслоу (1908—1970) оид ба талаботи инсонӣ мутобиқ мебошад, ки он шахсро ба эҳсос намудани зарурат ва мақому мавқеи худро дар ҷойи кор водор месозад, то ин ки руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт дар фаъолияти меҳнатӣ талош варзад.
Умуман ҷанбаҳои идоракунии давлатӣ дар моддаҳои 1, 6, 8, 11, 12, 27, 28, 35, 37, 39, 48, 64, 73, 76, 84 ва 93 Конститутсия ба таври возеҳ оварда шудаанд, ки дар поён тафсир дода мешаванд.
Тибқи моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Демократӣ будани давлат ба он асос меёбад, ки принсипҳои идоракунӣ сарбаста (догма) набуда, дар шаклу намудҳои дастрас ва мувофиқ барои одамон пешниҳод карда мешавад.
Шакли идории давлат президентӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳон мамлакатҳо зимни идоракунии тарзи демократӣ ба се намуди сохти идорӣ: президентӣ, парламентӣ ва омехта ҷудо мешаванд. Президентӣ интихоб шудани шакли идории давлат танҳои хусусияти ташкилӣ надошта, он ҳамчун институти муносиб ба имконот ва талаботи ҷомеа, мувофиқ ба урфу одат ва фарҳанги идории миллӣ, имтиҳоншуда, пурмаҳсул, устувор ва муваффақ дар шароити Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳандаҳо ба халқи Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр возеҳ аён гардид ва ба ин муносибат дар соли 2016 ва охири соли 2015 се ташаббуси наҷиби таърихӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Сарвари кишвар, зимнан комёбии ин институти идорӣ пеш гирифта шуд: 1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид; 2) тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд; 3) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардида, 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёр инъикосгари он аст, ки дар идоракунӣ принсипҳои иҷтимоӣ пеш гузошта мешаванд, бахусус эътироф кардани талабот ва имконоти инсон дар истеҳсолот, ки барои рушди рукнҳои гуманистии идоракунӣ ва ташаккули низоми муносиби иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Арзишҳои волои гуманистии давлати Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст. Яъне, ҳокимият ва ҳукмфармоӣ дар Тоҷикистон мутлақ набуда, он бо назардошти мавқеъ ва иштироки фаъоли одамон ба роҳ монда мешавад.
Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба принсипҳои дарҳои кушод, сулҳхоҳона, эътирофи меъёрҳои байналмилалӣ, эътибори манфиатҳои олии халқ ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони берунмарзӣ асос меёбад, ки дар навбати худ, онҳо омилҳои воқеии иҷтимоии демократиро ташкил медиҳанд.
Фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакат озод аст, ҳамчунин ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият бо назардошти моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Бо ин метавон зикр намуд, ки ташаккули заминаҳои иқтисодӣ ва идоракунии он ба ҷомеа дар шакли озод ва бо ҳавасмандсозӣ ва ё сабабнокии фаъол вогузор гардидааст. Ҳар кас метавонад дар як вақт соҳибкор / кордиҳанда, коргар ва дар дигар вақт ба сифати шахси воқеӣ ба фаъолияти мустақили иқтисодӣ машғул гардад, зимнан идораи хусусии худро бо низоми хоси идоракунӣ дошта бошад.
Иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути аъзогӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси меъёрҳои демократӣ муайян карда шудааст. Яъне, шахс ҳамчун шаҳрванд имконият дорад, ки на танҳо ба сифати зертобеъ ва амалисозандаи масъулияти шаҳрвандӣ зиндагӣ дошта бошад, ҳамчунин метавонад дар идораи давлатӣ иштирок ва ҳукмфармоӣ намояд. Дар ин ҷо ба инсон дар як вақт, ҳам вазифаи тобеъ-итоаткунанда ҳамчун шаҳрванд ва ҳам мақоми ҳукмфармо дода шудааст, ки идоракунии навъи иҷтимоӣ мебошад.
Ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунӣ дар моддаи 35 Конститутсия ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Мутобиқи ин муқаррарот ягон шахс ба меҳнат маҷбур карда намешавад, интихоби касбу кор озод аст, ҳангоми бекорӣ бошад, ҳуқуқи шахс ба ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат таъмин карда мешавад. Ҳамчунин муайян гардидааст, ки барои кори ё шуғли намуд, тарз ва шакли ягонадошта музди баробар дода мешавад. Яъне, дар ин ҷо шахсияти инсон ҳамчун мутахассис ва кордӯст ба эътибор гирифта мешавад, мутаносибан дастмузд дода мешавад — муносибатҳои шахсӣ, наздикӣ ва хотирбинию қадрдонӣ, рӯйхушӣ ва дигар амалҳои номуносиб роҳ дода намешаванд.
Барои барқароркунии руҳӣ ва равонию ҷисмонӣ ба корманд рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат, рухсатии ҳарсолаи пулӣ ва дигар шароитҳои муносиб таъмин карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки шахси корманд бо нерӯи наву тоза баҳри пешрафти корхона / ташкилот адои меҳнат кунад.
Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз се шоха — намояндагӣ ё қонунгузор (Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), иҷроия (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат) ва судӣ иборат мебошад, ки ҳар се шохаи ҳокимият дар навбати худ, низоми идоракунии хосро соҳиб буда, дар баррасӣ ва қабули қарорҳои идорӣ мустақил мебошанд.
Дар низоми идоракунии Тоҷикистон дар баробари шохаҳои асосии ҳокимият ҳамчунин низомҳо ва ё сохторҳои нисбатан мустақили идоракунӣ амал мекунанд.
Яке аз чунин низом сохтори идоракунӣ-назоратӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ — прокуратура мебошад, ки роҳбари он-Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул мебошад. Фаъолияти прокуратура мустақилона бидуни дахли шахсони мансабдор ба роҳ монда мешавад. Ин механизми идоракунӣ имкон медиҳад, ки волоияти қонун дар ҷомеа дар фазои нисбатан шаффоф ва адолатнок таъмин карда шавад.
Дигар сохтор, ин Бонки миллии Тоҷикистон, ки бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда муқаррар шудааст. Бонки миллӣ фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд ва масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевоситаи ҳокимияти давлатӣ озод мебошанд ва сохти идоракунии онҳо мустақил ба роҳ монда мешавад.
Қисмати интиҳоии Конститутсия (моддаи 100) бо — Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. — анҷом меёбад, ки шаҳодати бо тамом аз хусусияти идоракунӣ иборат будани онро инъикос менамояд.
2.5 Сохтори қонунгузорӣ ва ё намояндагии идораи давлатӣ
Шохаи намояндагии идораи ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Маҷлиси Олӣ (парламент) аз ду Маҷлис (палата): Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.
Нақши асосии Маҷлиси Олӣ ин намояндагии халқ дар назди дастгоҳи давлатӣ мебошад, мувофиқан ҳайати он бо пешбарии халқ ва бо робитаи зич бо шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Маҷлиси Олӣ ва ё маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон чунин салоҳият дорад:
— Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
— Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;
— Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
— Таъини интихоботи Президент;
— Қабули истеъфои Президент;
— Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
— Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
2.5.1 Маҷлиси миллӣ
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Маҷлиси Олӣ буда, қонунҳои дар палатаи поёнӣ — Маҷлиси намояндагон қабулшударо ҷонибдорӣ мекунад.
Ҳайат ва ё аъзои Маҷлиси миллӣ дар ду шакл ташкил меёбад. Якум, — қисми зиёди аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим ва ё ба воситаи маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар якҷоягӣ) интихоб мегарданд. Дуюм, — аз чор як ҳиссаи (1/4) узви Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд.
Маҷлиси миллӣ салоҳияти зеринро соҳиб мебошад:
— Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо;
— Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
— Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
— Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ.
2.5.2 Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳайат ва ё вакилони Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ (раъйпурсӣ) аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегарданд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 30 расида бошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад тибқи тартиби муқарраргардида вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
Маҷлиси намояндагон — палатаи поёнии Парламент ба салоҳияти зерин соҳиб мебошад:
— Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
— Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
— Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
— Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
— Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
— Таъини раъйпурсӣ;
— Таъсиси судҳо;
— Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
— Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
— Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони ӯ;
— Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
— Муайян намудани маоши Президент.
Сохтори идоракунии Маҷлиси намояндагон иборат гардидааст аз:
— Раёсат — Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҳисоби вакилони халқӣ ташкил дода мешавад;
— Шӯро — аъзои он ҳайати Раёсат ва раисони кумитаҳо ва комиссияҳо аз ҳисоби вакилон мебошад;
— Кумитаҳо ва комиссияҳо (9 адад) — аз рӯи соҳаҳо ташкил ёфта, бо назардошти касбият вакилонро ҷалб месозанд, инчунин ба сифати ёрирасон дар сохтори онҳо хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд;
— Фраксия ва гуруҳҳои вакилон — аз рӯи аъзогии вакилон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони беҳизб ташкил карда мешавад. Мисол: Фраксияи ҲХДТ, Гуруҳи вакилони беҳизб;
— Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон — аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари вакилон шароитҳои зарурии корӣ ва техникию маиширо фароҳам меорад.
Маҷлиси намояндагон ва ё вакилони он дар се самтҳои зерин фаъолият мекунанд:
— Қонунгузорӣ — вакилон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро соҳиб мебошанд, мувофиқан мунтазам бо ҷалби олимону коршиносон (ҳангоми зарурат) таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, лоиҳаи қонунҳоро баҳри беҳбуди ҳаёти шаҳрвандон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва қабул менамоянд. Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Маҷлис воридгардидаро баррасӣ ва қабул менамоянд;
— Намояндагӣ — вакил интихобкунандагони худро (шаҳрвандонро) дар Маҷлис намояндагӣ мекунад, дархосту муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро (қонеъ гардонидани талаботҳоро) таъмин менамояд. Инчунин, ҳар сол 2—3 маротиба бевосита бо интихобкунандагон дар маҳалҳои зист мулоқотҳо доир намуда, бобати шароити зисту зиндагонӣ ва пешрафт дар ҳаёти сисёсию иҷтимоии кишвар гуфтушунид доир менамояд;
— Робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ — тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳо вакил бо ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳо ба роҳ мемонад ва бо кишварҳои хориҷ дар доираи фаъолият — узвият дар гуруҳҳои дӯстии байнипарламентӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, ки асоси идораи ҳокмияти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд тавассути Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳокимияти намояндагӣ баррасӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.
Сохтори судӣ дар идораи давлатӣ
Яке аз се шохаи ҳокимияти давлатиро мақомоти суд ташкил медиҳад.
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Дахолат ба фаъолияти судҳо манъ аст. Ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз мегардад.
Сохтори судӣ аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе иборат мебошад.
Суди конститутсионӣ салоҳият дорад, ки 1) мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаро дар таносубнокӣ ба Конститутсия муайян намояд ва 2) баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро ҳал намояд.
Сохтори иҷроияи идораи давлатӣ
Шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатиро Перзидент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ташкил медиҳад. Президент ҳамзамон Раиси Ҳукумат мебошад, ки устувории ин шохаро ташкил медиҳад. Мантиқан чунин ҳам бояд бошад, зеро амалисозии сиёсат ва натиҷагирии он асосан ба зиммаи ҳокимияти иҷроия вогузор мебошад, мувофиқан масъулияти ин шохаи ҳокимият дар назди ҷомеа ва халқ бештар аст.
Ҳокимияти иҷроияи давлатиро метавон аз рӯи шакли ташкилии ҳуқуқӣ, соҳа ва ҳудуди фаъолият, тобеият ва ғайра ҷудо намуд. Ҳамзамон, ҳокимияти иҷроия аз рӯи шаклҳои муайянгардида ба зинаи маъмурӣ, марказӣ, маҳаллӣ ва худидора ҷудо мегардад.
Зинаи маъмуриро бо назардошти идораи умури давлат ва сиёсати пешгирифта Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад, чунки тамоми фармону супоришҳо ва амру қарорҳои идорӣ маҳз аз ҳамин институтҳо манша гирифта, дар дигар зинаҳо, аз ҷумла марказӣ ва маҳаллӣ табиқ карда мешаванд.
Зинаи марказӣ фаъолияти вазорату идораҳои гуногунро аз рӯи соҳаҳои муайян фаро мегирад. Сиёсати давлат аз рӯи соҳаҳо маҳз дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор коркард гардида, сипас барои татбиқ ба сохторҳои махсуси ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ / вилоятӣ ва маҳаллӣ равона мегардад.
Зинаи маҳаллии идораи давлатиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият — воҳидҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил дода, фаъолиятро вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳудуди муайяни худ пеш мебаранд.
Зинаи худидоракунии маҳаллиро Ҷамоат ташкил медиҳад, ки он дар ҳудуди муайян аз ҳисоби деҳаҳо, кӯчаҳо, қитъаҳо ва ғайра ташкил ёфта, татбиқкунандаи сисёсати давлат дар ҳудуди худ маҳсуб мегардад.
2.8 Президент
Шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад
Тибқи Конститутсия (моддаи 64): «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.». Яъне, масъулияти Президент дар назди ҷомеа ва давлат хеле зиёд буда, тамоми бурду бохт ва пастию баландӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ба ӯ вобаста карда мешавад.
Президент ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегардад. Ҳар як шаҳрванде, ки синну соли ӯ ба 30 расидааст, забони давлатиро медонад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.
Мутобиқи Конститутсия Президент салоҳият дорад (моддаи 69):
— Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад;
— Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунад;
— Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам диҳад;
— Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод кунад; Фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод кунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешиҳод намояд;
— Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор кунад ва ё боз дорад;
— Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намояд;
— Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад;
— Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис диҳад;
— Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ кунад;
— Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод кунад;
— Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин кунад;
— Ба қонунҳо имзо гузорад;
— Низоми пулиро муайян намояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ бошад;
— Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ кунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод кунад;
— Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул намояд;
— Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошад; Фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод кунад;
— Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон намояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад;
— Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода барад;
— Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар диҳад;
— Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал кунад;
— Паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад;
— Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал кунад;
— Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз гардонад;
— Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардонад;
— Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ намояд.
2.9 Ҳукумат
Сохтори идории Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар сохтори Ҳукумат ва назди Президент идораҳо ва агентиҳо фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом дар соҳаи алоҳида сиёсати муайянгардидаро татбиқ менамоянд.
Ҳукумат қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва ҳарду аплатаро дар алоҳидагӣ ва фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро татбиқ менамояд. Яъне амалисозии санадҳо ва сиёсати муқарраргардида ба зиммаи Ҳукумат вогузор мебошад.
Фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо ва ташкили Буҷети давлатиро дар мувофиқа бо Маҷлиси Олӣ ва (роҳбарӣ бо) Президент ба амал мебарорад.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ
Идораи давлатӣ дар маҳал чун дар сатҳи ҷумҳурӣ аз мақомоти иҷроия ва намояндагӣ иборат мебошад.
Масъулияти асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ аз иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагиро чӣ тавре дар боло ишора гардид, Маҷлиси вакилони халқи маҳал (вилоят, шаҳр, ноҳия, Ҷамоат) ташкил медиҳад. Вакилони Маҷлиси вакилони халқ аз ҷониби шаҳрвандон-истиқоматкунандагони ҳудуди муайян интихоб карда мешаванд.
Салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқ тибқи Конститутсия аз тасдиқи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои он, муайян кардани роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳал, муқаррар намудани андоз ва пардохти маҳаллӣ мувофиқи қонунгузории дахлдор, дар доираи қонун муайян намудани тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ ва амалӣ сохтани ваколатҳои дигар иборат мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар вилоят -раиси вилоят, дар шаҳр-раиси шаҳр ва дар ноҳия-раиси ноҳия идора (роҳбарӣ) менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ду сохтор: дастгоҳ ва ҷумҳуриявӣ иборат мебошад. Дастгоҳи мақомот дар як вақт дастгоҳи раиси вилоят / шаҳр / ноҳияро ташкил дода, ҳайати он аз ҷониби худи раис таъин мегардад. Сохтори ҷумҳуриявии мақомот бошад, ҳамчун намояндаи соҳаҳои муайян (вазорату идораҳо) дар маҳал сиёсати соҳавиро татбиқ месозад, мувофиқан ташкили ҳайати он дар салоҳияти вазорату идораҳо бо мувофиқаи иақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мебошад.
Ин сохторҳоро ҳамчунин сохтори идоракунии тарзи амудӣ ва уфуқӣ низ меноманд, ки уфуқӣ — амалҳоро дар худи маҳал ва амудӣ аз ҷумҳурӣ ба маҳал ва ё аз боло ба поён ифода мекунанд.
Боиси зикр аст, ки дар шароити муосири ҷомеа сохтори идоракунии омехта низ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин сурат нисбат ба мақомоти болоӣ (вазорату идораҳо) усулҳои ҳамоҳангсозӣ на супоришӣ истифода мегарданд. Буҷет ва ё маблағгузории фаъолият бошад, асосан аз ҳисоби манбаҳо ва салоҳдиди маҳаллӣ ташкил меёбад. Дар ин тарзи идоракунӣ сохти уфуқии идоракунӣ бартарият пайдо мекунад.
Мисол: дар ҷумҳурӣ ҳар ду навъи идоракуниро дар фаъолияти соҳаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ метавон баррасӣ намуд — соҳаи кор бо занон ва оила тибқи сохтори уфуқӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мувофиқи сохтори амудии идоракунӣ амал менамоянд.
Соҳаи кор бо занон ва оила танҳо ваколати пешбурди сиёсат ва ҳамоҳангии сохтори маҳаллиро дошта, ба ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳа дахл карда наметавонад. Яъне, ваколати боқимондаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
Аммо сохтори ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баробари пешбурди сиёсат ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳаро ташкил карда, мувофиқан ваколат ва василаҳои зиёди идоракуниро соҳиб мебошад.
Ин ҳар ду сохтори идоракунӣ ба худ бартариятҳои хос доранд, аммо айни замон сифат ва маҳсулнокии кор/фаъолият дар сохти амудии идоракунӣ, яъне соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар ба назар мерасад.
Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ
Дигар сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад, ки он Ҷамоат ном бурда мешавад.
Дар асл фаъолияти идоракуниро агар аз поён ба боло инъикос намоем, пас он маҳз аз ҳамин мақомот манша мегирад (ниг. ба расми поён).
Мувофиқи қонунгузорӣ мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ аз ҷониби истиқоматкунандагон маҳаллаҳо дар шакли Ҷамоат (ба монанди Шӯро ё Маҷлис) интихоб мешавад. Ин тартиб бо роҳи пешбарӣ ва интихоби номзадҳои муносиб аз ҳар як маҳалла/кӯча дар алоҳидагӣ сурат мегирад. Раис ва Дастгоҳи Ҷамоат дар навбати худ, аз ҷониби вакилони Ҷамоат интихоб мегарданд. Тамоми шаклҳои ҳуқуқӣ, идорӣ, молиявӣ ва ташкилии фаъолияти Ҷамоат аз ҷониби вакилон муайян мегардад.
Яъне, сохтори Ҷамоат дар муқоиса ба сохтори идоракунии ноҳия, шаҳр ва ё вилоят нисбатан мустақил мебошад. Вале, айни замон ин низоми идоракунӣ каме нуқсон дошта, он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳукмфармоӣ мегардад.
Ҷадвали 2
2.10 Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар сохтори идоракунӣ
Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқро бо назардошти хусусияти амалӣ доштани фаъолияташон ба шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ метавон мансуб намуд, гарчанде қисми муайяни онҳо дар пешбурди рисолати худ мустақил мебошанд.
Кормандон ва ё хизматчиёни мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошанд ва ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Яъне, фаъолияти ин мақомоти асосан аз таъмини назорати иҷрои қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар байни ҷомеа, мудофиа, ҳифзи марзу бум ва умуман фароҳам овардани шароити бехатари зиндагӣ барои шаҳрвандон ва давлат иборат мебошад. Аз ин рӯ, корманди мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонад дар як вақт ҳам масъули назорат ва ҳам иҷрои амалҳо дар ҷомеа бошанд, зеро ин ду самти гуногуни фаъолият буда, якҷоя кардани онҳо бархурди манфиатҳоро ба вуҷуд меорад, мувофиқан таъсири он ба камсифатии фаъолият ва зифии низоми идоракунӣ ва дар ниҳоят оқибатҳои фалокатовар (шикастовар) метавонад боис гардад.
Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ ба сохторҳои зерини идоракунӣ ҷудо мешавад:
— Прокуратура — риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Прокуратура дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳаҳои ҳарбӣ ва нақлиёт намояндагӣ дорад ва вазифаҳои асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ иборат мебошад;
— Мақомоти дохилӣ (милитсия) — таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо. Милитсия ва ё соҳаи корҳои дохилӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори гуногуншакли худро дорад;
— Амнияти миллӣ — амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамояд. Амнияти миллӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори худро дорад ва дар доираи вазифаҳои муқарраргардида амал менамояд;
— Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (фасод) — масъули назорати давлатии молиявӣ оид ба истифодаи самарабахши маблағҳо ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд мебошад. Мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амал мекунад. Ҳамчунин дар ҳамин самт, аз ҷумла аудити мустақили беруна оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ ва такмили он дар ҷумҳурӣ Палатаи ҳисоб фаъолият мекунад, аммо ин воҳид мақоми ҳифзи ҳуқуқ набуда, вазифаи он аз баҳодиҳии тарзи истифодабарии моликияти давлатӣ ва пешниҳоди хулосаҳои мувофиқ иборат мебошад;
— Мудофиа — системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст. Дар таъмини мудофиа воситаҳои муборизаи мусаллаҳонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб (истифода) карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд. Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2.11 Ҷомеаи шаҳрвандӣ
Чун дигар мамлакатҳои демократӣ Тоҷикистон иштироки васеи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар идоракунии давлатӣ ҷалб намудааст
Сотсиологияи идоракунӣ маҳз бо иштироки одамон дар идоракунии давлат / корхона тавассути иттиҳодияҳои хеш асос меёбад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон, ки давлатӣ иҷтимоӣ мебошад, ин принсип — иштироки фаъоли одамон дар идоракунӣ метавонад муваффақиятҳои беназир ба даст биёрад.
Дар ҳамин мавзуъ яке аз олимони шинохта Элтон Мэйо бар он назар аст, ки ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷояи меҳнатӣ бартарият дода шавад. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ гарданд. Мисол: фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурияти ташкилот арзиши баланд дорад.
Ин назария дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи анъанавии даврони Шӯравӣ ва омӯзиши таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар симои Федератсияи иттифоқҳои касаба, иттҳодияҳои ҷамъиятӣ, диннӣ ва фарҳангӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳои гуногуни татбиқкунандаи манфиатҳои одамон ва гуруҳҳои онҳо роҳандозӣ карда шудааст.
Яке аз нуқтаҳо ва ё имкониятҳои муҳими фароҳамгардида ин иштироки иттиҳодияҳои мустақили ҷамъиятӣ / одамон дар идораи сиёсии кишвар мебошад. Ин муносибат ба таври васеъ дар қонунгузории ҷумҳурӣ оварда шудааст. Аз ҷумла, дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон имконият дода шудааст, ки номзадҳои хешро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон пешбарӣ намоянд.
Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои демократии идорӣ сохти идоракунии бисёрҳизбӣ дошта, ғояҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои одамонро дар ташкили ниҳодҳои мустақили сиёсӣ дастгирӣ менамояд, зимнан гуруҳи муайяни одамон имкон доранд, ки бо ташкили ҳизби сиёсӣ дар идораи сиёсии давлат иштирок намоянд.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз ниҳодҳои муҳими ҷамъиятӣ, ки манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои ҷмаъиятиро дар алоҳидагӣ муаррифӣ менамояд ва пеш мебарад, ин Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон — мақоми намояндагӣ, экспертию машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, иштирокчиёни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро, ки мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи хеш амал мекунад, муттаҳид месозад. Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 9 марти соли 1996 дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ: таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ барои ба даст овардани тавозуни манфиату ақидаҳо; амалӣ намудани хулосаҳои экспертӣ, таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсию иқтисодии ҷомеа ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он ррӯй медиҳад; таҳияаи барномаҳо, консепсия ва пешниҳодоте, ки барои ноил шудан ба сулҳу ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон равона карда шудаанд; ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокчиёни Аҳднома ва дигар тарафҳои манфиатдор дар татбиқи Аҳдномаи ризоияти ҷомеа, мебошад. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иттифоқи касаба — ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд. Иттифоқҳои касаба ба таври муттамарказ дар сохтори тамоми ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқию сохторӣ, аз ҷумла институтҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ҳифз мекунад ва пеш мебарад.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ — тибқи қонунгузорӣ иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои муайян муттаҳид гардидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2400 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муттаҳидкунандаи одамон дар татбиқи ҳадафҳои муайяни хеш амал менамоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъруф ва машҳури Тоҷикистон бо номи Иттифоқи журналистон, Иттифоқи ҷавонон, Иттифоқи расомон, Ассотсиатсияи волонтёрон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон ва ғайра шинохта мебошанд, ки ҳар кадом дар маҳалҳо намояндагиҳо ва аъзои зиёди худро доранд.
Ҳизби сиёсӣ — тибқи қонунгузорӣ идтиҳодяи ҷамъиятие, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Айни замон дар Тоҷикистон 7 ҳизбҳои сиёсии зерин фаъолият мекунанд:
— Ҳизби демократии Тоҷикистон — 10 августи соли 1990 ташкил ёфтааст;
— Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон — 10 декабри соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар айни замон ҳизби пешбар буда, онро Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд;
— Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст;
— Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон — 18 марти 1998 ташкил ёфтааст;
— Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — 4 сентябри соли 1991 ташкил ёфтааст;
— Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — аз соли 2005 фаъолият менамояд;
— Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 15 ноябри соли 2005 ба қайд гирифта шудааст.
2.12 Мактаби идоракунӣ дар Тоҷикистон
Чӣ тавре дар боло зикр гардид, дар айни замон идоракунӣ заминаи илмии устувори худро дар Тоҷикистон ташаккул надодааст. Шумораи ками олимон ва муҳақиқон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ доранд. Аммо дар сатҳи сиёсати давлатӣ масъалаи мазкур бо роҳи ташкили институтҳои идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ заминаҳои муайяни худро пайдо кардааст.
Дар кишвар дар ин самт мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2003, №926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад. Бо ҳамин метавон гуфт, ки институти идоракунӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи ташаккулёбии бонизом шуруъ мекунад.
Дар баробари ин, дар заминаи вазорату идораҳо бобати ташкили тадқиқотҳои илмию амалӣ ва методологии соҳавӣ, ташаккули низоми идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ институтҳои миллии тадқиқотӣ амал мекунанд. Мисол: Институти илмӣ-тадқиқотии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии акушер-генекологӣ, Институти такмили ихтисоси кормандони адлия, Институти такмили ихтисоси кормандони омӯзгорӣ ва ғайра. Яъне, новобаста аз мавҷуд будани низоми умумҷумҳуриявии омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои идоракунанада дар кишвар соҳаҳо дар алоҳидагӣ ташкили институтҳои идоракунии ва омодасозии кадрии худро иқдом кардаанд.
Аммо барои рушди соҳаи идоракунӣ, бахусус илми идоракунӣ зарур буд, ки низоми миллии илмию тадқиқотӣ ва амалию методологии идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ ташкил ёбад.
Бо ҳамин мақсад соли 2003 Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад ва соли 2013, яъне пас аз 10 соли фаъолият ва аз худ кардани таҷриба он ба шахси ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар шакли нав ва мустақил — Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад. Инро метавон марҳилаи дуюми ташаккулёбии институти идоракунӣ дар Тоҷикистон номид.
Акнун Донишкада дар воқеъ мактаби таълимию илмии идоракуниро ташкил медиҳад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.
Донишкада дар сохтори худ дар баробари дигар воҳидҳо кафедраҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, идоракунии иқтисодиёт ва молия ва илмҳои гуманитарӣ-иҷтимоиро муқаррар кардааст, ки дар ташаккул ва рушди илми идоракунӣ ва таҳкими низоми идораи давлатии кишвар метавонанд саҳми муносиб гузоранд.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
— Тоҷикистон кай низоми идоракунии мустақили худро ташкил дод?
— Назарияҳои илмию тадқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ мебошад?
— Дар даврони ҳукмронии ИҶШС низоми идоракунии Тоҷикистон чӣ гуна буд?
— Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба кадом принсипҳо асос меёбад?
— Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз чанд шохаи ҳокимият иборат мебошад?
— Низоми прокуратура дар Тоҷикистон сохтори идоракунӣ аст ва ё шохаи ҳокимият?
— Сохти идории Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом институт ташкил медиҳад?
— Сохтори идории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
— Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба идоракунии давлатӣ чӣ рабт дорад?
— Ҳамчун мактаби таълимию илмии идоракунии Тоҷикистонро кадом муассиса муаррифӣ менамояд?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР САРЧАШМАҲОИ МАЪЛУМОТ
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 қисми 2, мод.344
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, мод. 300
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №5, мод. 363; соли 2008, №3, мод. 202; соли 2010, №7, мод. 554; соли 2013, №3, мод.202
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №7—8, мод.611
— Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13, мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №9, мод. 238; соли 20